Бархӯрди “Опел”-у “Портер” як куштаву се маҷруҳ боқӣ гузошт
Дар пайи бархӯрди сабукрави “Опел-Астра” ва мошини “Портер” дар шимоли кишвар як нафар ба ҳалокат расидааст.
Бино ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ин ҳодиса 10 феврал дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба вуқӯъ пайвастаат. Манбаъ мегӯяд, ронандаи сабукрави “Опел-Астра”, марди 37-солаи сокинии шаҳри Чкалов, ҳангоми ҳаракат бо роҳи автомобилгарди “Конибодом-Ғафуров”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи “Портер” таҳти идораи марди 35-солаи сокини ноҳияи Спитамен бархӯрдааст: “Дар натиҷа, мусофири автомашинаи “Опел-Астра” марди 49-солаи сокини шаҳри Кӯлоб ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст”.
Манбаъ меафзояд, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, ронандаи автомашинаи тамғаи “Портер” ва мусофири автомашинаи “Портер” марди 27-солаи сокини ноҳияи Спитамен ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.