Президенти Туркманистон ба Душанбе меояд
Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов, раисиҷумҳури Туркманистон бо як сафари расмӣ вориди Тоҷикистон мешавад.
Омодагиҳо ба ин сафар, имрӯз, 11 феврал мулоқоти Парвиз Давлатзода, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Ишонқули Аманлиев, сафири Туркманистон дар Душанбе баррасӣ шуданд.
Ба иттилои Вазорати умури хориҷӣ зимни ин мулоқот инчунин доираи васеи рушди ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ гардиданд.