Убайдуллоев барои раёсатҳои “Оромгоҳҳо”, иқтисод ва занон раис меҷӯяд
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе барои ишғоли мақоми раҳбари раёсати “Оромгоҳҳо”-и пойтахт озмун эълон кардааст.
Тибқи иттилои шаҳрдорӣ озмун аз 9 феврал то 9 марти соли 2016 идома ёфта, натиҷаи он на дертар аз 12 марти соли 2016 эълон мешавад.
Ба иттилои манбаъ довталабон бояд ҳатман маълумоти олии касбӣ дошта бошанд: “Ба довталабоне, ки таҷрибаи кории роҳбарикунанда аз рӯи ихтисос доранд, афзалият дода мешавад”.
Шаҳрдорӣ мегӯяд, тайи як моҳи оянда инчунин озмун барои ишғоли сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдо идома хоҳад дошт, ки синни довталабони он бояд аз 40 сола боло набошад: “Ба довталабоне, ки донишгоҳ ва ё донишкадаҳои ҷумҳурӣ ва ё хориҷи кишварро бо ихтисоси тиҷорат, иқтисодчӣ, иқтисоди ҷаҳон, умури савдо, молшинос, менеҷмент ва ташкили савдои ҷаҳони муосир хатм намуда, на кам аз 5 сол таҷрибаи кории роҳбарикунанда доранд, афзалият дода мешавад”.
Шаҳрдори Душанбе инчунин барои Раёсати кор бо занон ва оила дар шаҳри Душанбе раҳбар меҷӯяд. Ба иттилои манбаъ довталабон метавонанд, аз 9 феврал то 9 марти соли 2016 ҳуҷҷатҳояшонро пешниҳод кунанд.