АКС: Муфтии Русия Эмомалӣ Раҳмонро ҳомии Ислом хонд
Равил Ғайнуддин, сардори Шӯрои уламо, муфтии Русия аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамчун ҳомии Ислом тавсиф кардааст.
Тибқи иттилоияи раёсати мусалмонҳои Русия Равил Ғайнуддин 10 феврал дар мулоқот бо Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Маскав изҳор доштааст, ки Эмомалӣ Раҳмон тавонистааст аз тақсимшавии мусалмонҳо дар Тоҷикистон ҷилавгирӣ кунад: “Бо талошҳои Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифзи Исломи анъанавию мазҳаби ҳанафӣ аз паҳншавии ақидаҳои ифротӣ ва ҷудоиандозӣ миёни мусалмонон дар Тоҷикистон ҷилавгирӣ карда шуд”.
Муфтии Русия аз ҳамкорӣ бо Шӯрои уламои Тоҷикистон ва ҳамтои тоҷикаш Саидмукаррам Абдулқодирзода изҳори қаноатмандӣ намуда, аз такмили ихтисоси имомхатибони тоҷик ва иштироки қориёни тоҷик дар озмунҳои Русия истиқбол кардааст.
Имомуддин Сатторов дар навбати худ зикр кардааст, ки мусалмонони Тоҷикистону Русия таърихи муштарак доранд ва замоне дар як кишвар зиндагӣ намуда, арзишҳои муштарак доранд.
Сафири Тоҷикистон аз гароиши тоҷикистониён ба ҳаракатҳои ифротӣ дар хориҷи кишвар изҳори нигаронӣ карда, афзудааст, ки роҳбарияти Тоҷикистон ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Сатторов афзудааст, ки пешниҳоди Равил Ғайнуддинро барои кушодани намояндагии муфтиёти тоҷик дар Маскав ба роҳбарияти Тоҷикистон мерасонад. Ӯ изҳори боварӣ кардааст, ки ин иқдом метавонад нақши мусбат дошта бошад.
Дипломати тоҷик инчунин алайҳи сиёсӣ кардани Ислом ба хотири ғаразҳои шахсӣ ва баланд шудани изҳороти сиёсӣ аз минбарҳои масҷид баромад кардааст.