56770 сомонӣ ҷаримаи волидон барои “бемасъулиятӣ” дар Суғд
Раёсати умури дохилии Суғд мегӯяд, давоми соли 2015 бо қарори додгоҳ бештар аз 700 нафар тибқи қонуни масъулияти падару модар ҷаримабандӣ шудаанд.
Аз ин ниҳод ба хабаргузории “Озодагон” гуфтанд, дар доираи талаботи қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” алайҳи 1364 нафар бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори додгоҳ 737 тани онҳо ба маблағи 56 ҳазору 770 сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, давоми соли сипаришуда ноболиғон дар танҳоӣ 130 ҷиноят ва дар ҳайати гуруҳ 66 ҷиноят содир кардаанд.