Кафкӯбии Каримов барои муштзане, ки гуфт тоҷикро “накаут” кардам (ВИДЕО)
Шабакаи “Настоящее Время” 10 феврал пораҳо аз мулоқоти Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон бо намояндагони ҷомеаро нашр кард.
Зимни ин мулоқот, ки тавассути телевизионҳои давлатии Узбакистон пахш шудаст, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, деҳқон, духтур ва муштзан суханронӣ мекунанд. Истиқболи гарму кафкӯбии Ислом Каримов ва ҳозиринро баромади як муштзан дар пай дошт, ки гуфт, дар мусобиқа як тоҷикро беҳуш кардаст: “Ба наздикӣ дар сабқати ниманиҳоии Ҷоми Ҷаҳон, ки дар Русия гузашт, рақибам аз Тоҷикистонро беҳуш кардам”.
Бо тамом шудани ин ҷумла Ислом Каримов нахустин шуда кафкӯбӣ мекунад ва дигарон ҳам аз ӯ пайравӣ менамоянд.
Ҳамаи онҳое, ки сухан мекунанд аз Ислом Каримов ба унвони шахси адолатпарвару дармонбахш тавсиф мекунанд.
Ислом Каримов 30 январи соли 1938 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Аз соли 1989, вақте котиби аввали Кумитаи марказии Ҳизби коммунистӣ шуд, Узбакистонро раҳбарӣ мекунад. Моҳи марти соли 1990 дар ҷаласаи Шӯрои олии Узбакистони шӯравӣ президент интихоб гардид ва дар чанд интихоботи раёсатҷумҳурие, ки дар кишвараш баргузор шуд, дастболо гардид. Каримовро дар Тоҷикистон ба унвони рақиби сарсахти бунёди неругоҳи “Роғун” мешиносанд. Дар масъалаи истифодаи об Тошканд ҳамеша бо Душанбе ихтилофи назар дорад. Боздошти қаторҳо, мошинҳои молу коло дар қаламрави Узбакистонро ҳам ба ҳамин ихтилофҳо рабт медиҳанд.