Ҷалолов барои гурез аз пулис бо худ либоси низомӣ мегардондааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 39-солаи ноҳияи Фархор бо иттиҳоми гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор хабар дод, ки бо худ либоси низомӣ доштааст.
Манбаъ аз боздоштшуда Абдуқаюм Ҷалолов ном бурда мегӯяд, барои он ки дар роҳ кормандони БДА ва пулис ӯро нигоҳ надоранд, дохили сабукрави “Опел-Астра” либоси низомӣ мегардондааст: “Ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи гумонбаршуда тамғаи “Опел-Астра”, дар дохили борхалтаи селофание 12 килою 970 грамм маводи нашъадори “ҳашиш” ва 14 килою 200 грамм “афюн” дарёфт ва мусодира карда шуд”.
Манбаъ меафзояд, аснои азназаргузаронии оғилхонаи сохтмонаш нотамоми марбут ба ӯ, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, 4 килою 460 грамм маводи сахттаъсири “ҳероин” дарёфт ва мусодира гардидааст: “Ҷамъи маводи нашъадори дарёфтшуда 31 килою 630 граммро ташкил медиҳад”.
Абдуқаюм Ҷалолов иқрор шудааст, ки либоси низомиро барои он бо худ мегардонад, ки кормандони пулис ӯро манъ накунанд ва мавриди бозпурсӣ қарор нагирад. Ба иттилои Вазорати умури дохилӣ нисбати боздоштшуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.