Ташбеҳи мардуми Латгалия ба тоҷикон: Арзону ғайрикасбӣ...
Академик Арвид Башевский, ректори Донишгоҳи Латгалия мардуми ин вилояти Латвияро ба тоҷикон шабоҳат додаст, ки ҳамчун қувваи кории арзону ғайрикасбӣ дар минтақа қабул мешаванд.
Ректори Донишгоҳи Латгалия дар шарҳи филми нави Бӣ-Бӣ-Сӣ, ки ин вилояти шарқии Латвия ҳамчун макони бархӯрди НАТО ва Русия тасвир шудаст, аз Тоҷикистон зикр кардааст: “Ман ба Тоҷикистон зиёд сафар мекунам, он ҷо дӯстони зиёдро дорам. Як ҳамкорам аз Тоҷикистон ба ман нақл кард, ки ҳангоми парвоз ба Маскав ба ҳамсафаронаш гуфтаст, ки барои кор меравад. Ҳама ба ҳоли ӯ афсӯс хӯрдаанд, ки дар синни пирию заифӣ барояш кӯчарӯбию кор дар сохтмон мушкил хоҳад буд. Аммо коре, ки ҳамкорам дар назар дошт, хондани лексия дар Донишгоҳи давлатии Маскав буд”.
Башевский мардуми Латгалияро ба тоҷикон ташбеҳ дода, мушкилро дар он гуфтааст, ки ҳамчун қувваи кории арзону ғайрикасбӣ дар минтақа қабул шудаанд: “Ба мо гӯянд, ки кадом мутахассисон даркоранд, тайёр намудани онҳо кори мост”. Ректори Донишгоҳи Латгалия хостори бозбинии муносибот ва ҳалли мушкили иқтисодию иҷтимоии мардум шуда, таъкид кардааст, ки дар ин сурат ҳеч хатари эҳтимолии нооромӣ низ вуҷуд нахоҳад дошт.
Латгалия, вилояти шарқии Латвия, ки дар филми баҳсбарангези шабакаи Би-Би-Сӣ ҳамчун макони бархӯрди Русия бо НАТО тасвир шудааст, ахиран дар маркази таваҷҷуҳи расонаҳо қарор гирифт. Тибқи ин филм мардуми Латгалия, хостори мухторият мешаванд ва Русия монанди Донбаси Украина ба кӯмаки ҷудоихоҳон меояд. Ин филми тахаюлиро, ки “Ҷанги сеюми ҷаҳон: Дар бахши фармондеҳӣ” ном дорад, дар Бӣ-Бӣ-Сӣ сиёсатмадорону низомиёни воқеӣ баррасӣ мекунанд.
Дар Латгалия, ки наздики чоряки қаламрави Латвияро фаро мегирад, 46 дарсад латишҳо, 39 дарсад русҳо ва боқимонда намояндагони дигар миллатҳо зиндагӣ мекунанд.
Масъулини Латгалия, ки қаблан 85 дарсади аҳолияш ба ҷонибдории ҳифзи мақоми забони русӣ ва зидди пайвастшавӣ ба Иттиҳоди Аврупо овоз дода буданд, изҳор медоранд, ки дар воқеъ мардуми ин вилоят ҳеч майли ҷудоихоҳӣ надорад. Ба гуфтаи мардуми ин вилоят масъулин бояд дар фикри ҳалли мушкили иҷтимоию иқтисодӣ бошанд, зеро Латгалия нисбати дигар минтақаҳои кишвар ақибмондатар мебошад.