ФФТ мухлисони футболро бо 2999 доллар ба Австралия мебарад
Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳаводорони ашадии тими миллии Тоҷикистонро ба тамошои бозии мунтахаби Тоҷикистону Австралия даъват кардааст.
Рақобати ин ду тим 24 марти соли равон дар шаҳри Аделиадаи Австралия дар чорчуби даври дуюми тахассусии мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон-2018 сурат мегирад.
Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯяд, маблағии умумии сафар 2999 долларо ташкил дода, харҷи раводид, чипта, суғурта ва иқомат дар меҳмонхонаро дар бар мегирад.