Шикояти зане, ки мегӯяд аз бонк қарздор аст, аммо ба тиҷораташ иҷозат намедиҳанд
Як соҳибкорзани 60-сола аз ноҳияи Ашт мегӯяд, давоми чор моҳ мешавад ба ӯ иҷозаи боз кардани нуқтаҳои фурӯши фиттаҳояшро намедиҳанд.
Асил Сулаймонова дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, бо пули қарзи бонк се нуқтаи дискфурӯшӣ боз кард, аммо ба дарёфти гувоҳнома барои фурӯши дискҳо муваффақ нашуд. “5-6 ҳазор диски моро роҳбари “Тоҷиккино” дар ноҳияи Ашт гирифта, бозпас намедиҳад”,-мегӯяд ин зан. Хонум Сулаймонова афзуд, ҳар вақт ки барои дарёфти ҳуҷҷат назди роҳбари “Тоҷиккино” меравад, ба ӯ мегӯянд, “барои савдои шумо аз Душанбе иҷозат надоданд”.
“Ман шавҳар надорам. Аз бонк 8 ҳазор сомонӣ қарз гирифта, ҳоло пардохт накардаам. Намедонам чӣ кор кунам? Фарзандонам бо оилаҳояшон аз маблағи фурӯши дискҳо рӯз мегузаронанд. Ҳар бор назди раиси “Тоҷиккино” дар ноҳияи Ашт равам, дашномҳои қабеҳ мекунад, ки аз гуфтанаш шарм медорам”,-иброз дошт Асил Сулаймонова.
Аммо аз “Тоҷиккино”-и Ашт ин иддаоро рад мекунанд. Акмал Турсунов, роҳбари “Тоҷиккино” дар ин ноҳия мегӯяд, фиттаҳое, ки оилаи Сулаймоновҳо мефурӯшанд, ғайриқонунӣ аст: “Фиттаҳои мефурӯхтаи онҳо ба қонун ҷавобгӯ набуд, ҳатто ман чанд маротиба ба оилаи Сулаймоновҳо огоҳӣ додам, ки чунин фиттаҳоро ба фурӯш нагузоранд. Тибқи қарор оид ба нигоҳдорӣ ва ба ҳисобгирии филмҳо ҳар филме, ки аз берун вориди кишвари мо мегардад, аз назорат гузаронида мешавад. Ба наздики филми “Гумроҳлар”, ки аз Узбекистон оварда шуд, фурӯшашро манъ кардем. Ҳамчунин фурӯши филми “20 рӯзи бойгарии ман” низ манъ аст”.
Ба қавли Турсунов, баъзе аз фиттафурӯшон намедонанд, чи гуна филмҳоро ба фурӯш гузоштаанд: “Тибқи оинномаи мо гуфта шудааст, ки иҷозаи фурӯши фиттаҳо ба шахсоне дода шавад, ки маълумоти миёна дошта бошанд. Вале баъзе аз фиттафурӯшон саводи миёна надоранд, ман вақте ба онҳо гувоҳинома медиҳам, ҳатто хонда наметавонанд. Баъзе аз фиттафурӯшон киноро аз интернет нусхабардорӣ карда, ба фурӯш мегузоранд, онҳо сарфаҳм намераванд, ки чӣ фурӯхта истодаанд”.
Раҳбари “Тоҷиккино” дар Ашт мегӯяд, бар пояи қарори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи кино филмҳое, ки ба Тоҷикистон ворид мешаванд бояд аз қайди “Тоҷиккино” гузаранд: “Фурӯши ҳар кино иҷозат нест, мафкураи мардумро вайрон мекунанд. Ман дар чанд нуқтаи фурӯши фиттаҳо назорат гузаронида, баъзе дискҳоро гирифтам”.
Асил Сулаймонова бошад, иддао дорад, фиттаҳояш ғайриқонунӣ нестанд ва ин тиҷорат ягона роҳи пешбурди хонаводааш маҳсуб мегардад.