Футболбози олмонӣ мусалмон шуд
Патрик Эберт, футболбози олмонӣ мусалмон шудааст. Дар ин бора расонаҳои исломӣ хабар додаанд.
Ба иттилои ин манобеъ, Эберт, ки феълан дар ҳайати клуби “Райо Валекано”-и Испания бозӣ мекунад, дар Маркази исломии Мадрид калимаи шаҳодатро ба забон оварда, мусалмон шудааст.
Патрик Эберт тайи солҳои 2014 - 2015 нимҳимоятгари дастаи “Спартак”-и Маскав буд.