“Муросокорӣ” тарҳи тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумрукро бозпас гардонд
Лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумрук аз сӯи вакилони Маҷлиси намояндагон бозпас фиристода шуд. Далели ин иқдом “мавҷуд будани баъзе камбудиҳо” унвон гардид.
Хуршед Каримзода, муовини аввали сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон имрӯз, 10 феврал зимни муаррифии лоиҳа гуфт, он асосан бо мақсади мутобиқ намудани талаботи кодекс ба талаботи қонунгузории амалкунандаи кишвар таҳия гардидааст. Ӯ иброз дошт, таҳлилҳо оид ба мутахассисони барасмиятдарории гумрукӣ нишон дода, ки чунин мутахассисон дар бисёр ҳолатҳо талаботи Кодекси гумрук ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаро риоя намекунанд: “Бо мақсади ба танзим даровардани мутахассисони барасмиятдарории гумрукӣ моддаи 148-и Кодекси гумрук дар таҳрири нав пешниҳод шудааст, ки мутобиқи он мақомоти гумрук тартиби бекор кардан, бозхондан ва боздоштани амали шаҳодатномаи мутахассиси барасмиятдарории гумрукиро муайян мекунад”.
Ҷаноби Каримзода гуфт, тибқи ин тағйиру иловаҳо мақомоти гумрук метавонад ба пардохткунанда дар муҳлати 5 сол аз рӯзи ба анҷом расидани баррасмиятдарории гумрукии мол оид ба пардохти маблағи боҷи гумрукӣ, андоз ва фоизҳо даъво пешниҳод кунад. Ба қавли ӯ, инчунин дар лоиҳаи мазкур пешбинӣ шудааст, ки пардохткунанда низ метавонад дар муҳлати 5 сол маблағҳои пардохтҳои гумрукии барзиёд супоридаро аз мақомоти гумрук талаб намояд. Хуршед Каримзода афзуд, дар ин лоиҳа пешбинӣ шудааст, ки раҳбарони раёсатҳои минтақавии гумрукӣ бо розигии Президенти Тоҷикистон ба вазифа таъин мешаванд: “Ваколати ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани шахсони мансабдори мақомоти гумрук, иваз намудан, аз аттестатсия гузаронидан низ пешбинӣ шудааст”.
Баъди баромади муовини аввали сардори Хадамоти гумрук Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон иброз дошт, вобаста ба моддаи 360, қисми 2-и ин лоиҳа эроде, ки дар Шӯро гирифта буд, ҳоло ҳам номуайян боқӣ мондааст: “Онҷо гуфта шудааст, ки ҳангоми муайян кардани арзиши гумрукии молҳо мутобиқи ҳамин модда ҷиҳати татбиқи усулҳои мазкур ба муросокорӣ роҳ дода мешавад, ҳамин гап чи маънӣ дорад? Ба муросокорӣ роҳ дода мешавад, ин мафҳуми қонун нест”.
Дар пайи эроди Шукурҷон Зуҳуров вакилони Маҷлиси намояндагон барои бозпас гардонидани лоиҳаи мазкур ҷиҳати такмили он розигӣ доданд.