Нақшаи ҳукумат: Барои сарвазир 6 муовин таъин шавад
Мақомоти давлатии Тоҷикистон тарҳи зиёд намудани теъдоди муовинони сарвазирро ба баррасӣ гирифтаанд.
Тибқи иттилои манобеи “Озодагон” дар назар аст, ки теъдоди муовинони сарвазир аз 4 адади феълӣ ба 6 адад расонда шавад.
Манбаъ афзуд, дар назар аст, ки яке аз мақомҳои навтаъсиси муовини сарвазир марбут ба умури сиёсӣ ва ё идеологӣ хоҳад буд.
Тасмими таъсиси воҳидҳои нави кории муовини сарвазир дар ҳолест, ки феълан аз 4 ҷои муовини сарвазир, ду ададашон холӣ мебошанд. Соли гузашта Муродалӣ Алимардон ва моҳи январи имсол Марҳабо Ҷабборӣ аз мақоми муовини сарвазир барканор шуда, то ҳол касе ба ҷои онҳо таъин нашудааст. Дар ҳоли ҳозир танҳо Давлаталӣ Саидов – муовини аввал ва Азими Иброҳим, муовини сарвазир фаъолият мекунанд.