Ҳабси Гулғунча Амонбекова барои партофтани навзодаш ба партовгоҳ
Додгоҳи ноҳияи Нагатинои шаҳри Маскав қарори ҳабси Гулғуна Амонбекова, шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистонро содир кардааст, ки дар қасди қатли кӯдаки навзодаш муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилоияи додгоҳ Амонбекова давоми тафтишот то 7 апрели соли равон дар ҳабси пешакӣ қарор хоҳад дошт.
Қаблан Кумитаи тафтишотии Русия аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи зани 38-солаи тоҷик хабар дод, ки субҳи 7 феврал дар шаҳри Маскав кӯдаки навзодашро ба партовгоҳ партофтаст.
Ба иттилои расонаҳои русӣ навзоди салафанпечро як фарроши муҳоҷир, субҳи 7-уми феврал дар хиёбони ҳавзҳои Борисови шаҳри Маскав, дар назди партовгоҳ пайдо карда, бо даъвати хадамоти зарурӣ ҷони ӯро наҷот додаст. Ба иттилои манбаъ модари кӯдак зани муҳоҷири тоҷик мебошад, ки ҳамроҳи шавҳар ва фарзанди болиғаш дар кӯчаи мазкур зиндагӣ мекардааст. Ӯ зимни бозпурсӣ изҳор доштааст, ки кӯдакро дар ҳаммом таваллуд карда, баъдан партофтаст. Дар мавриди омили даст задан ба ин ҷиноят модари муттаҳам изҳор доштааст, ки дар ҳолати шок қарор доштааст ва чӣ кор карданашро намедонистаст.
Кумитаи тафтишотӣ мегӯяд, феълан таҳқиқи ҷузъиёти ин қазия идома дорад.