21 соли зиндони се шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия
Додгоҳи ноҳияи Заволжски Твери се шаҳрванди Тоҷикистонро барои ҳафт солӣ аз озодӣ маҳрум кардааст.
Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, ин муҳлатро онҳо дар зиндони низомаш шадид пушти сар хоҳанд кард. Инчунин, бар пояи ҳукми додгоҳ аз ин се табааи Тоҷикистон 180.000 рубли русӣ ҳамчун товони зарари маънавӣ ба нафъи ҷабрдида ситонида шудааст.
Додситонии ноҳияи Заволжск гуфтааст, ин се нафар 28 июли соли 2015 бо корду туфангчаи газӣ мусаллаҳ гардида, ба манзиле дар ҳудуди ноҳия ворид шудаанд: “Онҳо соҳибхоназанро ба асорат гирифта, пул ва ҷавоҳирот ҷустуҷӯ кардаанд, аммо ба ҷуз ангуштарие бо арзиши 2000 рубл”.
Манбаъ гуфтааст, онҳо дар пайи як амалиёт боздошт шудаанд.