200 сомонӣ ба ҷои 1 рӯзи ҳабс: Ҷазои нав барои мансабдорони порахӯру фолбинҳо
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 10-уми феврал тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноиро тасдиқ кард, ки тибқи он мансабдорони порахӯр ба ивази ҷарима метавонанд аз маҳбас озод шаванд.
Илёс Идрисзода, муовини раиси Оҷонсии зидди фасод, зимни муаррифии тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ изҳор дошт, ки барои фасодкорон ҷазои алтернативӣ пешниҳод мешавад. Аз ҷумла афроде, ки аз рӯи моддаи 319 - гирифтани пора, 320-додани пора, 321-иғвои порадиҳӣ даст ба ҷиноят мезананд, метавонанд ба ивази ҷарима аз маҳбас озод гарданд.
Ҳаҷми ҷарима 200 сомонӣ ба ҷои ҳар рӯзи маҳбас муайян гардид. Идрисзода ҳадаф аз роҳандозии ҷазои алтернативиро коҳиши хароҷоти нигоҳдории фасодкорон дар маҳбасҳо хонда, илова намуд, ки роҳи ислоҳ танҳо маҳбас нест.
Ба иттилои манбаъ фасодкорон баъди пардохти ҷарима то се сол аз ҳаққи ишғоли мансабҳо маҳрум хоҳанд шуд.
Дар баробари ин фолбину ҷодугарҳое низ, ки бо сӯиистифода аз боварии динии мардум ба корафтодаҳо зарар расондаанд, метавонанд аз ҷазои алтернативӣ истифода баранд. Тибқи қонунгузорӣ ба фолбину ҷодугарҳое, ки аз боварии корафтодаҳо сӯиистифода мебаранд, аз 3 то 7 соли зиндон пешбинӣ шудааст. Аммо тибқи тағйироте, ки имрӯз Маҷлиси намояндагон қабул кард, фолбинҳо метавонанд ба ивази 200 сомонӣ барои як рӯзи ҳабс аз маҳбас озод шаванд.