Сафорати ИМА барои аввалин бор лагери ҷавононро бо шиори “Ҷавонон барои ҷомеаи бехатар” дар Тоҷикистон ташкил намуд.
Тавре ба хабаргузории “Озодагон” аз ин мақомоти дипломатӣ иттилоъ доданд, ҳудуди 30 нафар ҷавонон ва даҳ корманди милисаву сарварони ҷомеъа аз се минтақаи пилотӣ- Ғарм, Қайроқум ва Дӯстӣ дар ин чорабинӣ ширкат варзиданд. Эмерҷенс Групп, ки мубтакири аслии баргузории чорабинӣ буд, ҳадафи аслии ташкили лагерро, дар оянда мустаҳкамтар кардани ҳамкорӣ байни ҷавонон ва милитсия, ташаккул додани дониш ва малакаҳо оиди ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳамкории милитсия ва ҷомеа, муайян намудан ва ёфтани роҳи умумии ҳалли мушкилоти ҷавонон унвон кардааст. Ҷавоне аз Қайроққум қайд намуд, ки “барои мо мубоҳисаи он, ки мо ҷавонон дар якҷоягӣ ва дар ҳамкорӣ бо милитсия баҳри ҳалли мушкилоти ҷавонон ва бехатар намудани ҷомеаи худ чӣ кор карда метавонем, бисёр судманд буд”.
Ҳамчунин, театри ҷавонӣ барои сулҳ, ки аз тарафи Агентии ИМА оид ба рушди байнулмилалӣ (USAID) маблағгузорӣ мешавад, ба лагер ташриф овард. Ҳунармандони театр дар ду ҷамъомади лагер бо ҷавонон аз Қайроққум, Ғарм ва Дӯстӣ иштирок намуданд.
Манбаъ афзуд, ҳукумати ИМА ба дастгирии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва идораҳои адлияи Тоҷикистон омодааст ва барои ҳамкории судманд кӯшиш ба харҷ медиҳад. Барномаи байналмиллалии мубориза зидди гардиши маводи мухаддир ва кор бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи сафорати Амрико аз соли 2003 то ба ин сӯ ҳудуди 52 млн доллар дар Тоҷикистон сарф кардааст.{jathumbnail off}