Ҳузури равоншинос дар мурофиаи то 16-солаҳо ҳатмӣ шуд
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 10 феврал тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавиро қабул кард, ки тибқи он мурофиаи додгоҳии афроди то 16-сола бояд дар ҳузури равоншиносону омӯзгорон гузарад.
Ҳотам Назарзода, муовини додситони кулли Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа изҳор дошт, ки ҳузури омӯзгору равоншиносон дар чунин мурофиаҳо ҳатмӣ хоҳад буд. Ӯ ҳадаф аз ин навгониро ҳимояи ҳуқуқи иштирокдорони мурофиа хонд.