Парлумон раъйпурсӣ барои тағйири Сарқонунро 22 май таъин кард
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон санаи баргузории раъйпурсии умумихалқӣ барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияро рӯзи 22-юми май таъин кард.
Ин қарор имрӯз, 10-уми феврал дар ҷаласаи парлумон тасдиқ шуда, таъкид гардид, ки дар варақаҳо аз мардум пурсида хоҳад шуд, ки оё шумо тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ба Конститутсияро қабул мекунед? Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон изҳори боварӣ намуд, ки мардуми кишвар дар рӯзи таъиншуда ба ҷонибдорӣ аз ин тағйирот раъй хоҳанд дод, чун ин тағйирот санҷидашуда мебошанд ва ба ҳимояти ҳуқуқҳои шаҳрвандон равона гардидаанд.
Таъини санаи раъйпурсӣ дар ҳолест, ки Суди конститутсионии Тоҷикистон тағйироти пешниҳодкардаи парлумонро ҷонибдорӣ карда, афзуд тағйироте, ки ба моддаҳои 1, 5, 7, 8, 14, 15, 16, 18, 20, 27, 28, 32, 34, 37, 38, 40, 45, 49, 51, 56, 61, 64, 65, 69, 71, 73, 74, номи боби шашум, моддаҳои 76, 78, 79, 84, 85, 86, 89, 91, 93 ва муқаррароти интиқолии Конститутсияи Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд, хилофи меъёрҳои сарқонун нестанд.
Тибқи тағйироти пешниҳодшуда мафҳуми Сарқонун гирифта хоҳад шуд, чун ба гуфтаи муаллифон калимаи Конститутсия моҳияти ин санадро комилан ифода мекунад. Ҳамчунин пешвои миллат аз ҳаққи бемаҳдуди пешниҳоди номзадияш ба президентӣ бархӯрдор хоҳад шуд: “Муқаррароти конститутсия, ки як нафар ҳамагӣ ду бор ҳаққи пайдарҳам президентшавиро дорад, ба Пешвои Миллат дахл нахоҳад дошт”.
Дар баробари ин синни номзадҳо ба президентӣ аз 35-соли феълӣ ба 30 сол поин оварда мешавад ва мавҷудияти ҳизби хусусияти динидошта дар Тоҷикистон ва маблағгузории аҳзоби сиёсӣ аз хориҷи кишвар мамнуъ мегардад.