Ҳушдори БДА аз барф ва туману тарма: Эҳтиёткор бошед!
Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон аз ронандаҳои воситаҳои нақлиёт даъват кардааст, дар робита ба ҳавои номусоид ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кишвар аз эҳтиёт кор бигиранд.
Ин ниҳод бо нашри як иттилоия, бо такя ба иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар изҳор доштааст, ки рӯзҳои 9-11 феврал ҳарорати ҳаво якбора паст шуда, барфу борон меборад: “Дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ бошад туман ва дар баъзе ноҳияҳои куҳӣ фаромадани тарма дар назар аст. Бинобар ин, ба ронандагони воситаҳои нақлиёт тавсия дода мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо боэҳтиёт бошанду таҷҳизоти иловагии зиддилағшиш - занҷир, таноб ва дигар лавозимоти заруриро бо худ гиранд”.
БДА аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки бе зарурият ба минтақаҳои кӯҳистон ва мавзеъҳои мушкилгузар сафар нанамоянд.