Машварати Э.Раҳмон бо қудратиҳо: Аз зиракӣ дар марз то ҳамкории бештар бо ҷомеа
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 10 феврал бо роҳбарони вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовар ва дигар мақомоти дахлдор машварати корӣ баргузор кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо таваҷҷуҳ ба вазъи нигаронкунандаи минтақа ва ҷаҳон масоили вобаста ба пурзӯр намудани омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи сарҳади давлатӣ, таҳкими мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ ба мисли терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ ва ҷиноятҳои иқтисодиро мавриди баррасӣ қарор додаст: “Таваҷҷуҳи зиёд ба таълиму тарбияи ҳайати шахсӣ ва таъминоти моддию техникии сохторҳои низомӣ, самарабахш ба роҳ мондани машқу машғулиятҳои ҳарбӣ ва баланд бардоштани маҳорати касбии ҳайати роҳбарию фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳ зоҳир гардид”.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки “ҳифзи боэътимод аз марзи давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз сохторҳои дахлдори кишвар беш аз ҳарвақта омодагии доимӣ, ҳушёрию зиракӣ ва маҳорату малакаи баланди касбиро талаб мекунад”.
Дар мавриди ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ раисиҷумҳури Тоҷикистон зарур хондааст, ки бо табақаҳои гуногуни аҳолӣ, аз ҷумла бо омӯзгорон ва мактаббачагону донишҷӯён, аҳли илму фарҳанг, ходимону олимони дин, сиёсатмадорону ҷомеашиносон ва дигар фаъолони ҷомеа доир ба пешгирӣ аз гумроҳсозии наврасону ҷавонони ноогоҳ бояд ҳамкории босамар ба роҳ монда шавад.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур афзуд, ки доир ба пурзӯр намудани мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодию коррупсионӣ, истифодаи сарфакорона ва самарабахши маблағҳои буҷетӣ ва воситаҳои моддию техникӣ ҳам дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.