Ҳалокати духтарчаҳои ноболиғ аз заҳри дуди ангишт
Манобеи “Озодагон” мегӯянд, бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт дар ноҳияи Исфара ду духтарчаи ноболиғ ба ҳалокат расида, модаркалонашон дар беморхона бистарист.
Ба иттилои манбаъ, 9-уми феврал, соати тахминан 16:00, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Навгилеми ноҳияи Исфара як зани 56-сола дар манзили истиқоматӣ бо ҳамроҳии наберагони 11-сола ва 7-солааш аз дуди ангишт заҳролуд гаштаанд: «Дар натиҷа, духтарчаҳои хурдсол дар ҷойи ҳодиса ҳалок гашта, феълан зан дар беморхона бистарӣ мебошад».
Ин фоҷиа дар ҳолест, ки рӯзи 9-уми феврал ҳаво дар бархе аз навоҳии Тоҷикистон сард шуда, дар бархе минтақаҳо, аз ҷумла шаҳри Душанбе барф борид. Заҳролудшавии хонаводаҳо аз дуди ангишт дар Тоҷикистон бори нахуст набуда, қаблан низ ҳолатҳои ҳалокати хонаводаҳо аз дуди ангишт рух дода буд.