Тақозои нави додситон ва таҳдиди ҳукми қатл ба Занҷонӣ
Ризо Наҷафӣ, намояндаи додситонии Теҳрон, рӯзи 9 феврал дар бисту панҷумин ҷаласаи додгоҳии Бобак Занҷонӣ, миллиардери боздоштшудаи эронӣ дархост кардааст, муҷозоти мутаҳҳам шадидтар шавад.
Ба гуфтаи вакили Занҷонӣ, аз он ҷойе ки иттиҳоми фасоди молӣ барои зерҳимояаш дар назар гирифта шудаст, шадидтар шудани муҷозот, маънои эъдомро дорад. “Афсод фи ал арз”-фасодкунандаи рӯи замин ҷурме дар фиқҳ ва ҳуқуқи исломӣ аст, ки барои он муҷозоти сангине чун эъдом ва қатъи дасту пой дар назар гирифта шудааст.
Муовини додситони Теҳрон эълом кардааст, Бобак Занҷонӣ ва се мутаҳҳами дигар бар хилофи ваъдаҳои қаблӣ ҳеч иқдоме бозпас додани маблағҳо ба давлати Эрон накарданд.
Пеш аз ин Расул Куҳпоязода, вакили дифои Бобак Занҷонӣ аз қозии парванда дархост карда буд, ки ба мувакилаш як моҳ вақт бидиҳанд, то қарзҳояшро ба ширкати нафти “HK” бипардозад. Бобак Занҷонӣ мутаҳҳам аст, ки дар замони раёсати Маҳмуд Аҳмадинажод бахше аз нафти Эронро ба фурӯш расонда, пулашро ба Вазорати нафт надодааст. Дар парвандаи вобаста ба қарзҳои Занҷонӣ аз ширкати нафти “HK” омадааст, ки ӯ ба пардохтани беш аз 2 миллиард евро ба паймонкорони Вазорати нафт муваззаф шудааст.
Бобак Занҷонӣ, аз сармоядорони эронӣ аст, ки ширкатҳои “Kont group Tajikistan”, “Asian Express Terminal”, “Asian Express Airline” ва “Kont tourism Tajikistan” дар Тоҷикистон ба ӯ нисбат дода мешавад.