Тоҷикон дар дарёфти шаҳрвандии Русия пешқадаманд
Давоми чор соли ахир дар минтақаи Иркутск аз ҳама бештар шаҳрвандони Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд.
Бино ба иттилои Раёсати хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар вилояти Иркутск аз соли 2011 то 2015, дуҳазору шашсад табааи Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро соҳиб шудааст. Дар ҷойи дуюм шаҳрвандони Қирғизистон (2,38 ҳазор) ва дар мақоми сеюм ашхоси бидуни шаҳрвандӣ (1,7 ҳазор) қарор доштаанд.
Манбаъ гуфтааст, дар маҷмӯъ, дар чор соли охир беш аз 11,6 ҳазор нафар ба дарёфти шаҳрвандии Русия дар вилояти Иркутск муваффақ шудаанд, ки 99 дар сади онҳо аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди шӯравиянд.