4 голи беҷавоби “Истиқлол” ба дарвозаи тими Олмон
Тими “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони чоркаратаи Тоҷикистон, дар бозии санҷишӣ бар дастаи “Виттлих”-и Олмон дастболо шуд.
Дар ин дидор, ки шоми рӯзи гузашта (9 феврал) дар майдони меҳмонхонаи “Мардон Палас”-и Туркия баргузор шуд, футболбозони тоҷик чор голи беҷавоб заданд. Се тӯбро Манучеҳр Ҷалилов ва як тӯби дигарро Дилшод Восиев ба дарвозаи ҳариф ворид карданд.
Дидори “Истиқлол” бо тими Олмон дар чорчӯби тамринҳояш дар Туркия анҷом шуд. Ин сеюмин бозии дӯстонаи қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар Туркия мебошад. Қаблан, футболбозони тоҷик бо ҳисоби 1:3 аз “Варде”-и Маҷористон шикаст хӯрда, бозиро бо “Тараз”-и Қазоқистон мусовӣ – 2:2 карданд. Қарор аст, рӯзи 12 феврал дар Анталия “Истиқлол” ба муқобили “Шахтер”-и Қазоқистон ба майдон барояд.
Тамринҳои дастаи “Истиқлол” дар туркия давраи омодагӣ ба мавсими нави футбол дар кишвар гуфта мешавад. 23 феврал “Истиқлол” дар чорчуби даври гуруҳии Ҷоми АФК бо “Ал-Файсал”-и Урдун қувва меозмояд. Ин дидор соати 16:00 дар варзишгоҳи марказии Душанбе оғоз мешавад.