Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ахиран ба матлабҳои интиқодии бархе аз ҳафтаномаҳои кишвар дар мавриди маҳбусии Ширинбек Искандаров ва ёрони ӯ посух гуфт.
Дар номаи расмии ин вазорат, қазияи боздошти ин се нафар "фаротар аз ҷанҷоли як кишвар ва минтақа" унвон шудааст. Мақомот гуфтаанд, аз замони боздошти ин се шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳамакнун як тани онҳо раҳо шудаву як тани дигарашон фавтида ва танҳо як нафари онҳо дар зиндони “Пули Чархӣ” аст, дар ҷараёни ин қазия қарор доштанд. «Ширинбек Искандаров, Ҳасанбек Отараев ва Яков Тсой, ки тобистони соли 2008 бо гумони қочоқи се кило маводи кимиёии “симоби сурх”, ки 300 миллион доллар арзиш доштааст, аз сӯи нерӯҳои амниятии Афғонистон боздошт мешаванд. Дар ҷавобияи расмии вазорат ҳамчунин омадааст, ки сухан дар бораи ҷинояти ниҳоят сангин дар таркиби гурӯҳи муташаккили ҷиноии пайванд бо гурӯҳи бузурги муташаккили ҷиноии трансмиллӣ меравад. Қобили ёдоварист, ки симоб барои силоҳи ҳастаӣ истифода мешавад ва қочоқи он ҷинояти ниҳоят вазнин маҳсуб мешавад.
Маврид ба ёдоварист, Ширинбек Искандаров- маҳбуси собиқи “Пули Чархӣ” танҳо бо дахолати президенти Тоҷикистон аз зиндон раҳо ёфта ва ба ватан бозгаштааст. Зимни мусоҳибаҳояш бо нашрияҳои кишвар Искандаров гуфта буд, ки танҳо ба манзури роҳандозии тиҷорат ва бо маводи сохтмони таъмин намудани ширкатҳои афғонӣ озими Кобул шуда буданд. Аммо мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, «дар асл ҳеч кадом аз ин се нафар на ба сохтмон сару кор гирифтаанду на ягон ширкати сохтмонӣ доранд. Яке духтур, дигарӣ нафақахӯр ва сеюмӣ ҷойи кори муайян надорад. Бино ба маълумоте, ки рӯи даст аст, онҳо на барои роҳандозии фурӯши масолеҳи сохтмонӣ, балки барои амалҳои ғайриқонунии дигар рафтаанд».
Дар ҳамин ҳол, вазорати умури хориҷӣ эълом кардааст, ки ниҳодҳои зирабт ва сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон ҳеч вақт дар мавриди қазияи шаҳрвандони кишвар бетафовут набуд ва талошҳои худро барои кам кардани мӯҳлати зиндонии Яков Тсой дар маҳбаси «Пули Чархӣ» ба охир расонидааст.{jathumbnail off}