Бонки миллӣ: Нархҳо муътадиланд, расонаҳо ҳангома месозанд
Бонки миллии Тоҷикистон хабари расонаҳо дар бораи боло рафтани нархи бархе аз маҳсулоти ниёзи аввалро ҳангомасозӣ хонда, таъкид кардааст, ки нарх дар бозорҳои кишвар муътадил мебошад.
Ин ниҳод имрӯз, 9 феврал бо пахши як иттилоия изҳор доштаст, ки нархҳо соли 2015 муътадил буданд ва он болоравие, ки дар моҳи январ сабт шудааст, таъсири бардавоми буҳрони сиёсию иқтисодӣ дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар кишварҳои шарики тиҷории Тоҷикистон мебошад. Бонки Миллӣ мегӯяд, ҳамарӯза нархҳоро дар кишвар пайгирӣ мекунад ва иқрор кардааст, ки моҳи январ нархи бархе аз маҳсулот, ки аз хориҷ ба ивази асъори хориҷӣ ворид мегарданд, боло рафтааст: “Дар айни замон, тағйирёбии начандон зиёд фақат дар нархи орд, равған, шакар, маҳсулоти қаннодӣ, гази моеъ ва маводи шустушӯӣ дида мешавад. Ин тағйирёбиҳо асосан хусусияти мавсимӣ ва кӯтоҳмуддат дошта, болоравии нархи дигар маҳсулотҳо дар бозорҳои дохилӣ чандон ба назар намерасад”.
Тибқи таҳлили Бонки миллӣ нархи маҳсулот дар Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳои ИДМ поинтар буда, дар бозорҳои ҷумҳурӣ нархҳои миёнаи маҳсулоти истеҳсоли дохилӣ, аз қабили гӯшт, биринҷ, сабзӣ, тухм, шир, моҳӣ, нон, макарон, картошка, себ, семент ва хишт тамоили пастравӣ ё муътадили тағйирёбӣ доранд.
Ин ниҳод намояндагони васоити ахбори оммаро муттаҳам мекунад, ки рӯзҳои охир бе таҳлили амиқ хабарҳоеро оид ба тағйирёбии нархҳо дар бозорҳои кишвар ба нашр мерасонанд, ки ба авзои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ таъсири манфӣ доранд: “Дар шароити феълии буҳронӣ сару садоҳои беасос боиси ба эҳсосот ва ҳангома дода шудани шаҳрвандон ва афзоиши омилҳои интизорӣ гардида, барои бо мақсадҳои ҳаннотӣ боло бурдани нархи мол дар бозор сабаб шуда метавонад”.
Бонки миллӣ оромию таҳаммулро барои устувор нигоҳ доштани нархҳо дар бозор муҳим хонда, таъкид намудааст, ки дар назар аст, шиддати тағйироти қурбии бозори молиявии ҷаҳон оҳиста-оҳиста коҳиш ёфта, бо андешидани чораҳои зарурӣ вазъ дар бозори дохилӣ низ тадриҷан ба эътидол меояд: “Дар чунин лаҳзаҳои ҳассосу нозуки авзои молиявию иқтисодӣ, ки дар аксари кишварҳои ҷаҳон ба назар мерасад, мо, ҳамагон, шаҳрвандони гиромӣ ва аз ҷумла, рӯзноманигорони асил бо масъулияти баланди касбию шаҳрвандӣ ба вазъи феълӣ муносибат намуда, диққати худ ва ҷомеаро бештар ба унсурҳои ба маротиб ҷиддитар, аз қабили ривоҷ додани истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ, рушди соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, тавлиди маҳсулот дар кишвар, эҳтироми пули миллӣ ва истифодаи дигар фишангҳоеро, ки барои ба даст овардани ин мақсадҳо мусоидат менамоянд, равона созем”.