Худкушии варзишгари наврас дар Ванҷ
Хушбахт Файёзов, сокини 16-солаи деҳаи Гшхуни ноҳияи Ванҷ, баъд аз зуҳри 8 феврал даст ба худкушӣ задааст.
Тибқи иттилои манобеи “Озодагон”, Хушбахт хонандаи синфи 10-уми мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 17-и рустои Гшхун буда, падару модараш дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Ӯ дар хонаводаи бобои модарияш зиндагӣ мекардааст.
Хушбахт рӯзи гузашта қабл аз он ки худро биовезад, бо модараш суҳбати телефонӣ доштааст. Ҷасади ӯро аз оғил пайдо кардаанд.
Ба гуфтаи хешовандони Хушбахт, ӯ ҷисману руҳан солим буда, ғолиби чандин мусобиқаҳои куштӣ низ будааст. Ҳоло комиссияи вижае аз ҳисоби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия сабабҳои даст ба худкушӣ задани марҳумро муайян мекунад.