Маҷмааи нав ба ҷои “Панҷшер”-у “Ганҷина”: Амволи Чоловҳо тахриб мешавад
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, дар ҷаласаи шаҳрдорӣ татбиқи нақшаи генералии пойтахтро мавриди баррасӣ қарор додаст.
Тибқи иттилоияи расмӣ дар доираи нақшаи генералии Душанбе таҷдиди боғи “Дӯстии халқҳо” ва тахриби маҷмааҳои савдои “Ганҷина” ва “Панҷшер” дар назар аст: “Дар доираи таҷдиди «Боғи Дӯстии халқҳо» бунёди Маҷмааи меъмории «Истиқлолият» дар назар аст, ки ҳудуди феълии марказҳои савдои «Ганҷина» ва «Панҷшер»-ро фаро хоҳад гирифт”.
Маркази тиҷоратии “Панҷшер” аз амволи нисбатан назаррасест, ки ба хонаводаи Чоловҳо марбут дониста мешавад. Чоловҳо-даҳ бародарон, аз ҷумлаи қумандонҳоеянд, ки баъди анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ ба тиҷорат машғул шудаанд ва баъдан чанд нафари онҳо бо иттиҳомҳои гуногун пушти панҷара рафтанд.