Ҳадафи аслии ҳамойиш бошад, таҳкими ҳамкориҳои мубориза алайҳи гардиши маводи мухаддир ва ҷилавгирӣ аз ин вабо унвон мешавад. Гуфтанист, бо даъвати ҷониби Хитой, 15 нафар кормандони агентӣ аз 30-уми октябр то 13-уми ноябр дар Урумчӣ қарор хоҳанд дошт. «Семинари мазкур аз ҷониби вазорати бехатарии ҷамъиятии ҷумҳурии мардумии Хитой ва департаменти амнияти ҷамъиятии ноҳияи мухтори Синсзян-Уйғур гузаронида мешавад»,- афзуд манбаъ.{jathumbnail off}