Ҳалокати ду нафар дар пайи бархӯрди “Опел” ба дарахт
Бар асари ба дарахти лаби роҳ бархӯрдани сабукрави “Опел-Зефира” ронанда ва як мусофири он ба ҳалокат расидаанд.
Аз Раёсати умури дохилии Суғд ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ин ҳодиса якшанбеи 7 феврал дар роҳи мошинрави “Конибодом – Хуҷанд” ба вуқӯъ пайвастааст. Ронанда 22 ва мусофир 23 сол дошта, ҳарду сокини шаҳри Конибодом будаанд. “Мусофирони дигари мошин - 3 ҷавони 23-сола, сокинони шаҳри Конибодом ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, феълан дар беморхона бистарианд”,-меафзояд манбаъ.