Президент ба раиси нави “Тоҷик Эйр”: Ҳавопаймоҳои нав харед
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба раиси навтаъини ширкати “Тоҷик Эйр” дастур додааст, ки ҳавопаймоҳои навро дастрас кунад.
Тибқи иттилоияи расмӣ Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз, 8 феврал зимни ҷаласаи ҳукумат дар Душанбе ба Раҳимов Хайрулло Зубайдуллоевич, директори генералии нави ҶСК “Тоҷик Эйр” супориш дод, ки тариқи лизинги байналмилалӣ ҳарчи зудтар ҳавопаймоҳои навро харидорӣ кунад. Дар назар аст, ки “Тоҷик Эйр” нимсолаи аввали соли равон 2 ҳавопаймои Boing 767-200-ро дастрас кунад.
Тибқи иттилои масъулини “Тоҷик Эйр” аз 33 ҳавопаймое, ки феълан ширкат доранд, танҳо 6 ададашон коршоям буда, боқимонда дар бахши нигоҳдорӣ қарор доранд.