Талоши Кумита барои ҳифзи 39 забон ва лаҳҷаҳои помирӣ
Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон мегӯяд, барои ҳифзи забонҳои помирию яғнобӣ гуруҳи махсуси корӣ фаъолият дорад.
Хонум Шарофзода аснои як ҳамоиш дар Душанбе изҳор дошт, дар назар аст, таълими забонҳои помирию яғнобӣ на танҳо дар минтақаи Бадахшону Яғноб, балки дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ба роҳ монда шавад.
Шодмон Мансурӣ, сардори шӯъбаи ҳуқуқ ва ташкилии кумитаи мазкур дар суҳбат ба “Озодагон” иброз дошт, 39 намуди забон ва лаҳҷа дар Бадахшон мавҷуд мебошад ва масъалаи ҳифзи забонҳои яғнобию бадахшӣ дар қонунгузории Тоҷикистон низ зикр шудаст: “Бояд Вазорати маориф ва илм дар ин масъала дастгирӣ кунанд”.
Ин масъули Кумита афзуд, ба Консепсияи таҳияшавандаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2017-2026 дар назар аст, ки маркази таълимии забонҳои яғнобӣ, помирӣ, русӣ, хатти ниёгон, хатти бостон ташкил карда шавад.