Марди 66-сола дар оташ задани хонаи келинаш муттаҳам мешавад
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо гумони қасдан несту нобуд кардани молу мулк як сокини ноҳияи Ҷилликулро боздошт кардааст.
Бино ба иттилои ин ниҳод, ин марди 66-сола 5 феврали соли равон тахминан соати 13:30 “аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо собиқ ҳамсараш, зани 61-сола, ҷангу ҷанҷол намуда, қасдан ҳуҷраи хоби келинаш, зани 26-солаи сокини ноҳияи мазкурро оташ задааст”.
Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа, молу ашёҳои рӯзгор ба маблағи 13000 сомонӣ сӯхта нобуд шудааст: “Аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.
Акс аз бойгонӣ