Нақби «Шаҳристон» чанд рӯз боз баста шудааст.
Барои омадан ба Душанбе ва рафтан ба Хуҷанд тариқи ҳавопаймо ҳам мушкилиҳо зиёданд. Дар ғурфаҳои чиптафурӯшӣ чипта нест, одамони талабгор ҳам зиёданд. Гузашта аз ин ба мо гуфтанд, ки «ҳоло чиптаро қимат мехаред», иброз намуданд чанд тан аз мусофироне, ки хоҳиши сафари Хуҷанд доштанд. Ганҷина Гулбобоева, як масъули нуқтаи чиптафурӯшии ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик эйр» дар сӯҳбат ба хабаргузории «Озодагон» набудани чиптаро тасдиқ намуда илова кард, ки то 3- уми ноябри соли равон мушкили норасоии чипта вуҷуд дорад. Ҳамсӯҳбатамон ба миён омдани ин мушкилотро дар афзоиши муштариёни чипта ва зиёд будани мусофирони ин хатсайр унвон намуд. Бону Гулбобоева болоравии нархи чиптаро аз самти Хуҷанд ба Душанбе беасос хонда қайд намуд, ки арзиши як чиптаи ҳавопаймои «Тоҷик эйр» аз Хуҷанд ба Душанбе 371 ва агар мусофир бор дошта бошад, 381 сомониро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки Зумрад Яхшимуродова, як сокини пойтахт аз норасоии чипта ва болоравии нархи он изҳори нигаронӣ намуда, қайд кард ки чиптаро ба хатсайри мазкур бо арзиши 420 сомонӣ дастрас намудаст: «Бархе аз мусофирон ишора ба он мекунанд, ки аз хунукиҳои рӯзҳои ахир ва маҳкам шудани роҳҳо, як гурӯҳи пулдорон истифода бурда, чиптаро бо нархи аслияш харида, қиматтар мефурӯшанд».
Сайдалӣ Зарифов, сардори раёсати танзими монополияи табиии хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, ки ширкати «Тоҷик эйр» дар самти хизматрасонии дохилӣ ба субъекти монополияи табиӣ дохил мешавад ва масъулини ин ширкат борҳо дар хусуси афзойиши арзиши чиптаҳояшон ба мо муроҷиат карданд, вале мо розӣ нашудем: « Онҳо мехостанд, нархи чиптаро дар хатсайри Душанбе-Хуҷанд аз 78 доллари ИМА, ки ҳоло аст, ба 100 доллар боло бардоранд, вале мо нагузоштем, ки ин тавр шавад. Онҳоеро, ки чиптаро бо нархи аслияш мехаранду қимат мефурӯшанд, дигар мақомотҳо, аз қабили прокуратура бояд чораҷӯӣ намоянд, на хадамоти зиддиинҳисорӣ, ин ба масъулияти мо нест».
Номбурда, иброз намуд, ки бо гарон шудани нархи сўзишворӣ ва хароҷот нархҳо низ арзон ва гарон мешаванд. Сайдалӣ Зарифов ҳамчунин илова кард, ки дар ҳоли ҳозир парвоз бо ҳавомаймои АН-28 ба самти Хуҷанду Хоруғ 78 доллар арзиш дошта, ним сол боз бетағйир боқӣ мондааст.{jathumbnail off}