(ВИДЕО) Табиби рус барои сагаш ҷониби муҳоҷири тоҷик панч тир холӣ кардааст
Як табиби рус бо истифода аз таппончаи пневматикӣ муҳоҷири 36-солаи тоҷикро маҷруҳ кардааст.
Саидо Азизов, сокини шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд гуфтааст, аз панҷ тири паррондаи Сергей Колесник танҳо яктоаш ба шиками ӯ расид. Ба қавли Азизов, 2 феврал барои аз барф тоза кардани роҳи назди бинои ширкати “Зарница”, воқеъ дар шаҳраки Нахабинои ноҳияи Красногорск (вилояти Маскав), ки ҳамроҳи бародаронаш онҷо кор мекунад, берун шуданд. Колесник ҳамроҳи сагаш, ки бидуни даҳонбанд будааст, сайр мекардааст. Саг ба муҳоҷири тоҷик ҳамла мекунад ва Саидо пораи оҳанеро, ки дар дасташ буд, сӯи вай мепартояд. Ба қавли ин муҳоҷири тоҷик, пораи оҳан ба саг нарасид, аммо соҳиби ҳайвон таппончаро гирифта ҷонибаш тир холӣ кард. Саидо ба ҷониби бино медавад, тири аввал ба шиками ӯ расида, тирҳои дигар ба дарвозаи бино бармехӯранд.
Бо тавсияи Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия Саидо Азизов ба пулис шикоят кардааст. Аммо ба гуфтаи Саидо, табиби рус ба ӯ ҳушдор додааст, беҳтар аст ин қазияро фаромӯш созад, зеро касе ба додаш намерсад.
ВИДЕОИ НАҚЛИ ҚАЗИЯ АЗ СӮИ САИДО АЗИЗОВ