Парванда алайҳи зани тоҷик, барои қасди қатли навзоди якрӯзааш
Кумитаи тафтишотии Русия аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи зани 38-солаи тоҷик хабар дод, ки субҳи 7 феврал дар шаҳри Маскав кӯдаки навзодашро ба партовгоҳ партофтаст.
Тибқи иттилои ин ниҳод феълан модари муттаҳам дар боздошт буда, тафтиши парванда алайҳи ӯ барои сӯиқасд ба ҷони кӯдаки навзодаш идома дорад.
Ба иттилои расонаҳои русӣ навзоди салафанпечро як фарроши муҳоҷир, субҳи 7-уми феврал дар хиёбони ҳавзҳои Борисови шаҳри Маскав, дар назди партовгоҳ пайдо карда, бо даъвати хадамоти зарурӣ ҷони ӯро наҷот додаст. Ба иттилои манбаъ модари кӯдак зани муҳоҷири тоҷик мебошад, ки ҳамроҳи шавҳар ва фарзанди болиғаш дар кӯчаи мазкур зиндагӣ мекардааст. Кумитаи тафтишотӣ мегӯяд, феълан бозпурсӣ барои ошкор кардани ҷузъиёти ин қазия идома дорад.