Муваққатан манъ шудани истирдоди маҳбусон аз хориҷи кишвар
Додситонии кулли Тоҷикистон аз муваққатан манъ шудани истирдоди маҳбусони тоҷик аз хориҷ ба кишвар хабар дод.
Манучеҳр Маҳмудзода, сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалии Прокуратураи генералӣ имрӯз, 8 феврал дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, маълум нест, ин муқаррарот то кай идома меёбад. Ӯ афзуд, ҳоло дар мавриди теъдоди маҳбусони тоҷик дар хориҷи кишвар таҳлилҳо идома доранд: “Таҳлилҳо дар масъалаи асосҳои бозгардонидан, характери ҷиноятҳои содирнамуда идома доранд, баъди таҳлилҳо ба як хулосаи ниҳоӣ меоем”.