Мурофиаи 20 сокини Хатлон барои барафрохтани парчами “Давлати исломӣ”
Додгоҳи вилояти Хатлон мегӯяд, 7 сокини ноҳияи Шаҳритусро барои барафрохтани парчами “Давлати исломӣ” дар болои муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар маркази ноҳия аз 7 то 27 сол равонаи зиндон карда, мурофиаи 13 сокини Норак феълан идома дорад.
Тибқи иттилои ин ниҳод 13 сокини шаҳри Норак, ки моҳи августи соли гузашта аз сӯи Вазорати умруи дохилӣ боздошт гардиданд, дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи мамнӯи «Давлати исломӣ» муттаҳам мешаванд.
Тибқи маводи парванда боздоштшудагон қаблан таваассути интернет бо Юнус ном шаҳрванди Тоҷикистон дар Туркия ошно шуда, барои баёни садоқаташон ба ӯ ва ҳамроҳонаш дар гурӯҳи «Давлати исломӣ» парчами сиёҳро дар даромадгоҳи Норак овезон намудаанд. Тибқи шоҳидии бархе аз боздоштшудаҳо Юнус таъкид кардаст, ки акси парчами барафрохтаро ба ӯ равон кунанд.
Сокинони боздоштшудаи Норак дар таъсиси иттиҳодияҳои ҷиноӣ, даъват ба сарнагун кардани сохти конститутсионӣ, даъват ба фаъолиятҳои тундгароёна муттаҳам мешаванд.