Купрукеро, ки ба президент писанд нашуд, тахриб карданд
Дар Ишқобод, пойтахти Туркманистон баҳсҳо атрофи як пули навсохте, ки чанд гузаргоҳ дорад ва ҳамагӣ се моҳ пеш баъди як таъмири куллӣ ба истифода супурда шуд, афзудааст. Сару садоҳо дар ин хусус аст, ки гӯиё ин пул ба президенти ин кишвар писанд нашуда, ва аз ин рӯ тахриб мешавад.
Ҳарчанд то ҳол мақомоти Туркманистон ин иттилоъро ба таври расмӣ таъйид ва такзиб накардаанд, вале дар расонаҳо гуфта мешавад, тахриби он бар асоси дастури Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов сурат мегирад, ки гӯиё ба президент бозсозии он писанд наомадааст.
Ин ҳам дар ҳолест, як сол қабл бо дастури президент дар хиёбони Ниёзов як варзишгоҳи тозасохтаеро бо номи “Олимпиский” тахриб карданд ва ба ҷойи он бунёди варзишгоҳи дигаре бо номи “Азатлик” оғоз шуд.