Анҷоми таҳқиқи парвандаи Назарзода ва кофтукоби 40 шарики ӯ
Муҳаммадиброҳим Осимзода, муовини додситони кулли Тоҷикистон имрӯз, 8 феврал аз анҷоми тафтишоти парвандаи ҷиноӣ алайҳи Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири мудофиа хабар дод. Оқои Осимзода дар суҳбат бо хабарнигорон дар Душанбе изҳор дошт, парвандаҳо ба додгоҳ ирсол гардиданд.
Сафаралӣ Мирзозода, муовини дигари додситони кулл афзуд, барои қасди табаддулоти давлатӣ дар Тоҷикистон, ки моҳи сентябри 2015 сурат гирифт, алайҳи 199 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, 40 нафари дигар дар ҷустуҷӯ қарор доранд. Ӯ таъкид намуд, аз 199 нафаре, ки алайҳашон парвандаи ҷиноятӣ боз шудаст, 172 нафарашон ғайриҳизбӣ мебошанд.
Абдуҳалим Назарзода, ки то рӯзи ҳамлаҳои рӯзи чоруми сентябр муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон буд, дар қасди талоши сарнагун кардани сохти конститутсионӣ муттаҳам шуд. Ӯ ҳамроҳ бо чанд тани дигар дар дараи Ромит кушта шуд. Дар пайи ошӯби Назарзода мақомот раёсати ҲНИТ-ро дар сарпарастии ошӯб муттаҳам карда, ҳизбро террористӣ-экстремистӣ эълон намуданд.