ВАО: Задухӯрди тоҷикону узбакҳо як кушта бар ҷой гузошт
Расонаҳои русӣ аз задухӯрди гуруҳии муҳоҷирону тоҷику узбак дар вилояти Маскав хабар додаанд.
Бино ба иттилои торнамои chehov-vid, ин ҳодиса 6 феврал дар ноҳияи Серпухов ба вуқӯъ пайваста, дар пайи он як нафар ба ҳалокат расидааст. Аммо ин расона нагуфта, ки ҷавони кушташуда табааи кадом кишвар будааст. Манбаъ афзуда, чанд тани дигар ҷароҳат бардоштаанд: “Маҷруҳон ба беморхонаи шаҳрии ба номи Семашко интиқол ёфтаанд”.
Glazey, пойгоҳи хабарии минтақаи Серпухов гуфтааст, ин низоъ дар заминаи қавмӣ сар задааст.