Ӯ сафар кард бе амри Ватан
(Катибаи руъёие бар мазор ва марги ҷуброннопазири профессор, устод Саъдуллоев)
Иршод Сулаймонӣ
Марги устоди озодаву арҷманд ва инсоне ба маънои томи вожа, Асадулло Саъдуллоев талафоти бисёр ҷуброннопазир барои журналистикаи тоҷик, хусусан барои журналистикаи илмии тоҷик аст. Устод Саъдуллоев бидуни ҳеч гуна муболиға ва тавсиф аз пуркортарин олимони тоҷик дар соҳаи журналистика буданд ва асарҳои эшон дар мавриди ҷанбаҳои ҳунарии журналистика арзишмандтарин осор мебошад. Мактаби илмиву тадқиқотиеро, ки устод бо номи “Анъана ва навоварӣ дар журналистикаи муосири тоҷик” бунёд гузоштанд, ягона мактаби таҳқиқотии мудириятшуда буда, наздики 20 нафар дар ин мактаб ба дарёфти дараҷаҳои илмии номзад ва доктори илм шарафёб шуда, дар ҳоли ҳозир беш аз 20 нафари дигар машғули тадқиқ ва ковишҳои илмӣ мебошанд.
***
Устод Саъдуллоев ва насли ҳамсабақи эшон як насли ифтихорофарини Донишгоҳи миллӣ буда, аксарияти ҳамсабақони устод шахсиятҳои таъсиргузори сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон шудаанд. Танҳо зикри исмҳои мубораки ин насл кофист, то бидонем чӣ қадар насли устувору пуршахсияте будаанд: Бозор Собир, Раҳим Мусулмониён, Нозир Арабзода, Мазҳабшо Муҳаббатшоев, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Нур Табаров, Эргаш Шоев, Бурҳон Ғанӣ, Холмурод Буйдоқов, Одина Мирак, Ғуломаҳайдар Муродалиев
Дирӯз, баъд аз он ки устоди азизро ба хок супурдем, шаб дар хона ангушти надомат тар кардаву сафаҳоти дафтари хотироти ширину ифтихорангези ҳамнишиниву ҳамкорӣ бо эшонро варақ задам. Ин чанд ҷумлае, ки инҷо менависам тамошои бисёр иҷмолӣ ва рӯйкарди хеле мухтасари навори хотирот аз шинохти шахсият ва ҳайсияти профессор Асадулло Саъдуллоев мебошад.
Нахустин бор ном ва акси устод Саъдулоевро дар июли соли 2002, вақте банда довталаби факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон будам, шунидам ва дидам. Дар баробари баъзе аснод аз кумисюни пазириши донишгоҳ ба мо чанд ҳафтаномаеро ҳам доданд, ки онҷо матолибе дар мавриди факултаи журналистика нашр шуда буд. Аз ҷумла як мусоҳиба бо профессор Асадулло Саъдуллоев бо номи “Ҳар касе пул дорад соҳиби сухан аст” (агар хотира фиребам надода бошад) дар ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” нашр шуда буд. Баъди хондани мусоҳиба фаҳмидам, ки декани факултаамон ҳамин профессор будааст. Он замон банда ба унвони профессор бо як эҳтиром ва ҳисси вижа бархӯрд мекардам. Баъдҳо фаҳмидам, ки устод ҳамон сол масъулияти дабирии кумисюни пазириши донишгоҳро ҳам ба дӯш доштаанд.
Чун донишҷӯй шудем дар нимсолаи аввали таҳсил устод Саъдуллоев барои мо аз “Назарияи адабиёт ва публисистика” ва “Техника ва технологияи васоити ахбори умум” дарс гуфтанд. Бо вуҷуди ин ки садри факулта буданд ҳамеша талош мекарданд, ки таъхире аз ҳузурашон дар дарсҳо набошад. Дарсҳоро бо мулоиматӣ ва хоксории ба шахсияташон хос мегузаштанд. Барои касе, ки мехост аз дониши бисёр фаррохи устод истифода кунад ин дарсҳо хеле азризши бузург доштанд. Инҷо бояд бигӯям, ки забони навиштории устод, ки аз лекчар (лексия)-е, ки барои мо мехонданд бисёр равону гуворо ва бо тавофут аз забони лекчар (ҳамин лекчарро ҳам аз устод ёд гирифта будам)-и дигар устодон як миқдор ғайримаъмулӣ буд. Ҳамин забони эшон барои ман бисёр таъсиргузор шуд ва ҳамеша талош мекардам, ки ба ҳамин шеваи нигорандагӣ тассалут пайдо кунам. Баъдҳо фаҳмидам, ки дигаргунӣ дар забони эшон таъсири кору таҳқиқ ва мушовирӣ дар факултаи улуми иҷтимоии донишгоҳи Кобул будааст.
Дар дафтари лекчари худ вожаҳои наверо, ки устод корбурд мекарданд зерашон хат мекашидам ва баъдан аз фарҳангу луғатномаҳо пайдо кардаву ба маънияшон сарфаҳм мерафтам. Ин таъсири устод сабаб шуд, ки ман як миқдор навиштани дурустро ёд бигирам.
Ҷанбаи дигаре, ки аз шахсият ва ҳайсияти устод ба зиндагии хусусӣ ва иҷтимоии банда таъсиргузор шуд озодапӯшии эшон буд. Бо ҳамсабақам Далери Ғуфрониён дар дарсҳо шумораи шиму костумҳои устодро ҳисоб мекардем, ки ҳар дарс ё нав мешуданд ва ё бисёр тозаву тамизу озодона мебуданд. Ҳамин шакли тозапӯшии устод ва чанд устоди дигар руйи зиндагии хусусии ман ҳам таъсиргузор шуд.
Баъдан устод аз садорати факулта канор рафтанд, вале то поёни хатм ба мо аз чанд фанни муҳими дигар дарс гуфтанд, аз ҷумла аз “Асосҳои фаъолияти эҷодии журналист”, “Таҳқиқоти журналистӣ”, “Асосҳои реклом ва PR” ва чанд дарси бисёр ҷолибу гаронарзиши дигар.
Соли 2007, баъди хатм бо тавсияи Куммисиюни давлатии имтиҳонот барои идомаи таҳсил дар аспирантура ва кор дар Донишгоҳ мондам. Устод мудири кафедраи журналистикаи телевизион ва радио буданд ва банда дар ин курсӣ ба унвони муҳаққиқи коромӯз пазируфта шудам. Баъдан устоди ҳамин курсӣ шудам.
Даврони ҳамкорӣ бо устод як даврони бисёр шоиста ва пурифтихоре буд. Аввалан ин ки устод як олими бисёр тавонои соҳаи худ буданд. Ман ба ҳар андоза, ки имкон буд ва зарурат шуд аз дониши устод истифода кардам. Ҳарчанд устод Саъдуллоев бевосита устоди роҳнамои илмии банда набуданд, вале дониши васеъ ва таҷрибаи ғанияшон барои мо як сарчашмаи омӯзиш буд. Шахсияти бисёр заминӣ ва одиву содае, ки доштанд имкон медод, ки ҳамеша бо он эшон бошем. Мутолааи бисёр фаровоне доштанд. Ҳангоми суҳбат мегуфтанд, ки фалон китобро хондаӣ, фалон асарро мутолаа кардаӣ. Дар ин гуна лаҳазот ман бештари маврид хиҷолатзада мешудам, зеро ниме аз китобҳои гуфтаи эшонро нахонда будам. Хиҷолати маро аз авзоъ ва чеҳраам ҳис карда, тасалло медоданд, “ҳеч гапе не, ҳоло вақт ҳаст, мехонӣ. Муҳим ин ки бихонӣ”. Аксари устодони курсии журналистикаи телевизион ва радио шогирдони устод буданд, ки таҳти раҳнамоии эшон соҳиби дараҷаи илӣ шуда буданд. Аз ин рӯ шахсияти эшон ба фазо ва кори кафедра таъсири сад дар садӣ дошт ва ҳоким буд. Устод ҳам ба забони тоҷикӣ ва ҳам ба забони русӣ тасаллути комил доштанд ва дар ин ду забон таҳқиқоти гаронарзише анҷом додаанд ва асарҳояшонро ҳам ба ин ду забон менавиштанд. Дар баробари кор дар факултаи журналистикаи ДМТ ҳамзамон устоди риштаи журналистикаи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия низ буданд.
Баъдан ману устод як маҳфили хоси худро доштем. Ҳар ду сигорӣ будем. Ва барои дуд додани сигор ба канори факулта мерафтем ва дар ин лаҳзаҳо ҳам суҳбати худмонӣ мекардем ва ҳам суҳбати илмиву ҳунарӣ. Албатта, устод суҳбаткунанда буданду ман шунаванда. Чун хумори сигор боло мегирифт устод маро кофтаву қуттии сигор дар дасташон мегуфтанд:
- Мекашӣ?
Ман баргирифта аз як қиссаи нақлкардаи худи эшон мегуфтам:
- Чунин як устоди бузург мекашаду мо накашем?!
Қиссаи нақлкардаашон ин буд. Дар яке аз даҳҳаҳои адабиёт ва санъати тоҷик дар Маскав устод Айнӣ ҳам дар раёсати маҳфил дар паҳлӯи нависанди шаҳиру фақиди рус Горкий менишинанд. Як замоне назари устод Лоҳутӣ ба аллома Айнӣ меуфтад, ки эшон гиря мекунанд. Лоҳутӣ ҳузури устод мераванд ва мепурсанд, ки чӣ гапе шудааст, ки гиря мекунед?
Айнӣ бо ишора ба Горкий мегӯянд;
- Горкий барин нависандаи бузурги адабиёти советӣ гиря кунаду мо ором бошем?!
Устод Лоҳутӣ, аллома Айниро тасалло медиҳанд, ки “нигарон набошед, Горкий намегиряд, балки чашмашон бемор аст ва ҳамеша аз чашмонашон об меравад”.
Ва дар ин “маҳфили хос”, ки баъзан шарафи ҳамроҳии устод Қироншоҳ Шарифзодаро ҳам доштем, устод ҳамеша мегуфтанд, ки бояд сигорро тарк кунем ва хусусан ба ман мегуфтанд, ки “ҷавон ҳастиву парто ҳамин одати бадро”. Чанд боре ҳам тарк карданду боз дигарбора маро ба “маҳфили хос” мебурданд. Хушбахтона имрӯз зери таъсири ҳамон панду талақини устод тарки сигор кардем.
Устод Саъдуллоев дар таҳқиқи журналистика, хусусан ҷанбаҳои ҳунарии журналистика, ки дар илми кишварҳои пасошӯравӣ бо номи публисистика маъруф аст ҳамтову назире надоштанд. Аз мунаққидони бисёр тавонманди адабиёти мо, бавижа насри мустанад буданд. Дар ин замина китобҳои бисёр гаронарзише навиштаанд, ки “Публисистикаи Мирзо Турсунзода”, “Назарияи таҳқиқи публитсистика”, “Ҳамосаи инсони кор”, “Агар сухан корагар шавад”, “Хосияти адабиёт”, “Уфуқҳои публитсистика”, “Проблемаҳои назарияи публитсистика”, “Эссе; андешаҳо дар бораи баъзе ҷанбаҳои жанр ва таҳаввулоти он”, “Очерк; пайдоиш, такомул ва вазъи муосир”, “Асосҳои фаъолияти эҷодии журналист”, “Жанрҳои журналистикаи радио” (дар ду ҷилд), “Асосҳои журналисктикаи телевизион” (дар ду ҷилд), “Саҳифабандӣ ва чопи газета” ва даҳҳо асари дигар аз қабили онҳоянд.
Устод яке аз поягузорони факултаи журналистикаи ДМТ ва сутунҳои бисёр устувори ин факулта буданд. Дар баробари профессорон Иброҳим Усмонов ва Абдусаттор Нуралиев касе буданд, ки самти илму таълимро дар ин факулта мушаххас карда, ҷараён бахшиданд ва бештарин асарҳоро навиштанду шогирдонро парвариш карданд.
Аз ҷониби дигар устод Саъдуллоев як нависандаи бисёр чирадаст ва тасвиркори беҳамтое буданд. Дар ҳамон “маҳфилҳои хос” ҳамеша афсӯс мехӯрданд, ки чаро ба кору ҳунари нависандагӣ бештар машғул нашудам ва мегуфтанд, ки агар ҷиддан иштиғол меварзидам “як нависандаи хуби хуб мешудам”. Дар ҳақиқат ҳам устод бо ин ки бисёр кам ба кори нависандагӣ машғул шудаанд, вале бисёр нависандаи тавоно буданд. Инро аз чанд очерку повест ва китобҳои хотироташон мешавад дарк кард. Хусусан дар тасвиркорӣ, дар халоққияти ҳунарӣ, намунасозиву образофарӣ бисёр дасти тавоно доштанд. Барои бештар шинос шудан ба ин ҷанбаи фаъолияти устод бояд, ки ҳатман осори ҳунарии эшонро мутолаа кард.
Устод Саъдуллоев дар баробари тадқиқоти бисёр арзишманд, ҳамчунин дар масъалаи павариш кардани кадрҳои илмӣ хадамоти арзишманде анҷом доданд. Мактаби илмиву тадқиқотияшон бо номи “Анъана ва навоварӣ дар журналистикаи муосири тоҷик” хеле серпаҳлӯ ва дархӯри замон буда, олимони бисёреро ба илму ҷомеаи тоҷик бахшидааст. Аз нигоҳи ин ки ин мактаб самари хубе ба бор овардааст, бо итминон мешавад ҳарф зад, ки решадору побарҷо боқӣ мемонад.
Вале бо вуҷуди чунин хадамоти арзишманд дар илму таълим устод борҳо барои дарёфти унвони “Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон” пешниҳод шуданду аз ҷониби мақомот дастгирӣ нашуд. Аз ин амалкард устод бисёр сахт мутаассир буданд.
Таъсири зиндагонии даврони кӯдакӣ, зиндагӣ дар хонаводаи падарандар (ҳарчанд, ки устод дар суҳбатҳо ва навиштаҳояшон аз падарандари худ бисёр бо муҳаббати том ёд мекарданду кардаанд), зиндагиву таҳсил дар хонаи бачагон дар шахсият ва ҳайсияти эшон бисёр решадор ва маҳкам буд. Хусусан баъди даргузашти ҳамсарашон ин ҷанбаҳо дар симои устод бештар ҳувайдо шуд. Шогирдони бузургсолтари устод зиндагии эшонро бо ҳамсарашон як зиндагии румонтикиву ормонӣ тафсир мекунанд ва воқеан устод баъди марги ҳамсари фариштахисолашон хеле шикастанду аз салобату шахсияташон кам шуд. Баъди гузашти чанд сол аз марги ҳамсарашон дигарбора ба фикри зан гирифтан уфтоданд ва ин гумонро доштанд, ки ҳама занҳо мисли ҳамсари марҳумаашон неку вафодоранд. Бо ҳамроҳии устод Сангин Гулов (аз шогирдони нахустин ва вафодори эшон) ва ҳамкори дигарамон Илҳом Ашуров барои зан гирифтани устод мусоидат карда будем, вале устод натавонистанд, ки бо ин зан зиндагии бештар кунанд ва бо гузашти фосилаи бисёр кам аз ҳам ҷудо шуданд.
Устод махзани хотироту гуфтори намакин буданд. Яке аз хотираҳои даврони котиби масъул буданашон дар рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ”-ро ҳамеша дар ҳамон “маҳфили хос” ёдоварӣ мекарданд: “Ғоиб Қаландаров муҳаррир буданд. Салимшо Ҳалимшо навбатдори яке аз шумораҳо буданду дар ҳамон шумора кадом иштибоҳе нашр шуда буд. Дар летучка Қаландаров Ҳалимшоро сарзаниш карданд, ки “ин чӣ гуна калла аст, ки иштибоҳҳоро ақлаш намегирад?”
Ҳалимшо гуфтанд;
- Раис, амин калаи маро укумат 200 сум нарх кардааст, лекин чӣ тур шуд, ки Шумо ам бо амин каллаи 600 сумаатон амон иштибои сабилиро надидед?
***
Одами миёнқаде дар даст ва ё китф ҷузвдон, дар сар шляпа ва зимистониҳо телпак, бисёр сода-сода, вале бовиқору бо салобати ба худашон хос ё аз пули уштургардан ба тарафи факулта (биноҳои ДМТ дар Буни Ҳисорак) меомаданд ва ё аз факулта ба тарафи пули уштургардан қадам мезаданд ва аз фосилаи бисёр дур ҳам мешуд пайхас кард, ки каси қадамзананда андешамандона қадам мезанад ва чизе дар майнааш хутур мекунад. Ин манзара аз омадану рафтани устод ба донишгоҳ мисли як саҳнаи коргардоникарда ва муҳандисишуда дар хотири ман нақш бастааст ва афсӯс, ки ин саҳнаро, акнун танҳо дар руъё мебинам ва аз диданаш дар воқеъият барои ҳамеша бенасиб шудем.
Ҳамеша, ҳангоме ки аз донишгоҳ, баъди кор ба хона рафтанӣ мешуданд, ин байти Турсунзодаро мехонданд:
Мо сафар кардем бо амри Ватан,
Бо супоришҳои халқи хештан.
Вале ин сафари охирини устод бо амри Ватан набуд, чун Ватан аз эшон кори бештару тадқиқоти арзишмандтареро умедвор буд. Вале сафар карданд, ин бор бо амри Худованд. Худованд раҳматашон карда бошаду биҳишти баринро ҷойгоҳашон.