Озодагон: Нахуст бигӯед, ки худи қиммати P (пӣ) чӣ аст? Фаридун Раҳмонқулов: Қиммати Пӣ констансияи математикӣ буда дарозии давраро бар диаметри он ифода мекунад. Ин қиммат аз давраи Бобулиён машҳур аст, аммо таърихи дақиқаш маълум нест. Ҳарфи аввалаш ҳам аз калимаи юнонӣ “переферия” гирифта шудааст, ки маънои он периметр ё худ дарозии давра мебошад. Дар мактаб қабул шудааст, ки P ба 3,14 баробар аст, аммо азбаски ирратсионалӣ ва трансендентӣ яъне, адади даҳӣ, ғайридаврӣ ва беохир мебошад дигар ададҳояш баъд аз вергул дар он такрор намешаванд. То андозае, ки ман медонам баъд аз қиммати P компютерҳо фақат 13, 3 триллион рақамро ҳисоб кардаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҳақиқатан рақамҳои ин қиммат баъд аз вергул охир надоранд. Аз ин рӯ, одамҳое ҳастанд, ки барои машқ додани мағзи сар ё гузоштани рекорд дар заминаи хотираи қавӣ ин рақамҳоро аз ёд мекунанд.
Озодагон: Хуб, Шумо аз куҷо медонед, ки дар Осиёи Миёна феълан шумоед, ки бештарин қиммати P-ро аз ёд медонед? Фаридун Раҳмонқулов: Дар интернет ҷустуҷӯ кардам ва маълум гардид, дар Осиёи Миёна касе аз ман зиёдтар намедонад, аммо дар ҷаҳон чунин одамҳо зиёданд. Ман медонам, ки кӣ дар кадом сол чӣ қадар аз ёд кардааст.
Озодагон: Ҳоло дар ҷаҳон кӣ аз Шумо бештар рақами P-ро аз ёд кардааст?
Фаридун Раҳмонқулов: Як марди хитоӣ бо номи Лю Чао аст, ки соли 2005 бо азёд кардани 67 ҳазору 890 рақам дар китоби Гиннес қайд шуд. Ду марди дигари ҷопонӣ камтар аз Лю Чао азёд карданд. Якеаш 40 ҳазор ва дигарӣ 52 ҳазорро азёд гуфтанд. Як каси дигар дар Украина 10 ҳазор ва дар Русия 6 ҳазору 6 рақамро аз ёд гуфтанд. Ман ҳам дар як муддати кутоҳ ин миқдор рақамро аз ёд кардам.
Фаридун Раҳмонқулов: Не, инҷо ягон пай дар пайӣ нест. Агар ягон пай дар пайӣ мебуд ҳамин рақамҳоро аз ёд накарда, балки аз рӯи ягон қоида менавиштам. Ин адади ғайридаврӣ аст. Яъне, ададҳо дар инҷо такрор намешаванд. Такрор мешаванд, аммо давран такрор намешаванд. Мисол, як бор дар ҷойи 25-ум ва бори дигар дар ҷойи дигар такрор мешаванд.
Озодагон: Маълум аст, ки дар ҳалли масъала ва муодилаҳои риёзӣ ҳам пешсаф ҳастед.
Фаридун Раҳмонқулов: Албатта, ман бо риёзӣ бисёр машғул будам ва ҳоло бештар рақамҳоро аз ёд мекунам. Вале, ин корро на танҳо риёзидонҳо, балки дигарон ҳам метавонанд бикунанд.
Фаридун Раҳмонқулов: Ин қобилият ба таври генетикӣ аз падарам ба ман гузаштааст. Додарам низ майнаи қавӣ дорад. Одам қобилият дорад, аммо тавонистани он аз бисёр тамрин кардан вобаста аст.