Мулоқоти Э.Раҳмон бо муовини дабири кулли СММ дар Душанбе
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 5 феврал бо хонум Шамшод Ахтар, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Душанбе густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо хонум Ахтар, ки котиби иҷроияи комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором мебошад, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла изҳор дошт: “Тоҷикистон ҳамкории судмандро бо ҳама сохторҳои дахлдори Созмони Милал ба вижа бо Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмон барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором фаъолона ва пайгирона идома хоҳад дод”.
Ба иттилои манбаъ дар мулоқот барои дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои маҳсур дар хушкӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт: “Ҷонибҳо модернизатсияи шоҳроҳҳои мошингарду роҳҳои оҳан, рушди бахши кишоварзӣ ва минтақаҳои деҳот, иқтисодиёт ва савдо, сармоягузорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, бунёди хатҳои интиқоли барқ ва лӯлаҳои газ, татбиқи лоиҳаҳои минтақавии гидроэнергетикӣ бо истифода аз захираҳои фаровони обии Тоҷикистон, аз қабили CASA-1000-ро барои рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ амри муҳим шумориданд”.