Бонки Миллӣ: Аз гирифтани сомонӣ ба ҷои рубл мардум зарар намебинад
Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, аз ин, ки мардум минбаъд ба ҷои рублҳои интиқолёфта аз бонкҳо сомонӣ мегиранд, ҳеч зараре нахоҳанд дид.
Бонки миллӣ дар шарҳи қарор, ки мардум аз бонкҳо ба ҷои рублҳои интиқолёфта сомониро мегиранд, изҳор доштааст, ки мизоҷон сомониро тибқи қурбҳои бозорӣ дастрас хоҳанд кард: “Қурб барои мубодила аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза муқаррар мешавад ва қурби бозорӣ барои рубли нақди русӣ, аз қурби расмии рубли русӣ баландтар аст”.
Ин ниҳод мисол овардаст, ки қурби расмии рубли русӣ барои 4 феврал 0,104 сомонӣ эълон шудааст, аммо қурби хариди як рубл 0,1075 сомонӣ муқаррар гардидаст, ки риояи он барои ҳамаи бонкҳо ҳатмӣ мебошад.
Ин шарҳи Бонки Миллӣ дар ҳолест, ки расонаҳо қаблан иттилоъ дода буданд, ки тасмими додани сомонӣ ба ҷои рублҳои интиқолёфта дар бонкҳои кишвар бар зарари мардум аст, зеро қурби ирокардаи бонкҳо нисбати қурби воқеӣ поинтар мебошад.