Тӯйи кишоварзони Тошканд барои барканории “Гитлер”
Барканории ҳокими вилояти Тошканди Узбакистон, ки бо лақаби “Гитлер” маъруф аст, мардумро чунон хурсанд кардааст, ки ҳатто гӯсфанд кушта тӯй барпо кардаанд. Дар ин бора Хадамоти хабарии Осиёи Марказӣ хабар додааст.
Деҳқонони ин вилоят гуфтаанд, аз он ки аз ин ҳоким халос шудаанд, Худоро шукр мегӯянд. “Вай бо ҳама бо “ту-ту” ҳарф мезад ва ҳатто деҳқонони 80-соларо дашном медод. Мардумро ғулом медонист ва ба ҳамин хотир тақрибан ҳама аз вай норозӣ буданд”,-афзудаанд кишоварзони вилояти Тошканд.
Аҳмадҷон Усмонов дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои вакилони халқӣ аз вазифа барканор шуд. Вакилон якдилона пешниҳоди раисиҷумҳур -- Ислом Каримов дар бораи аз вазифа сабукдӯш кардани ӯро дастгирӣ карданд.
Аҳмадҷон Усмонов, генерал-майори милисаи Узбакистон аст. Баъди ҳаводиси Андиҷон ҳокими вилояти Андиҷон шуд. Сокинон ӯро фарди хеле сангдил меномиданд. Ба гуфтаи онҳо, солҳои роҳбарии Усмонов ҳолатҳои боздошти одамон ба авҷи аъло расид. Ба иттилои Uzmetronom, мардум ба Усмонов лақаби “Гитлер”-ро доданд. Баъди ҳокими вилояти Тошканд шудан ҳам мардум рӯзи хуш надоштанд.
Дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои вакилони халқӣ бо пешниҳоди Ислом Каримов Содиқ Абдуллоев иҷрокунандаи вилояти Тошканд таъйин шудааст. Абдуллоев то кунун ҳокими вилояти Зангиота буд.