Салимзода дар бораи нашъаҷаллобони “пагондор”: Ба ҷои мубориза, шарик мешаванд
Шерхон Салимзода, раҳбари навтаъини Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон аз боздошти нашъаҷаллобони “пагондор” дар кишвар хабар дод.
Салимзода, имрӯз, 5 феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе изҳор дошт, ки тайи соли 2015 барои даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир 10 корманди Вазорати умури дохилӣ ва мудофиа боздошт гардиданд. Ӯ бо таассуф илова намуд, баъзан масъулине, ки вазифаашон мубориза бо ҷинояткорӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аст, худашон ба ин ҷиноятҳо шарик мешаванд.
Салимзода афзуд, ки инчунин тайи соли 2015 5 мансабдори Оҷонсии зидди маводи мухаддир даст ба ҷиноят задаанд. Ба гуфтаи ӯ се нафар бо иттиҳоми коррупсия ва ду нафари дигар барои дигар ҷиноятҳо дастгир шуданд.
Раиси нави Агентии назорати маводи нашъаовар илова намуд, ки дар нахустин мулоқоташ бо кормандони ин ниҳод онҳоро ба фаъолияти содиқонаю софдилона даъват карда, таъкид намудааст, ки ҷинояти ҳар корманди Агентӣ доғ ба тамоми фаъолияти ин ниҳод аст.