Салимзода гуфт, вазифаи нави Назарзода аз қаблӣ пасттар нест
Шерхон Салимзода, собиқ додситони кулли Тоҷикистон, ки 2 феврал директори Агентии назорати маводи нашъаовар таъин шуд, имрӯз, 5 феврал аз кори Рустам Назарзода, собиқ раҳбари ин Агентӣ тавсиф кард.
Салимзода изҳор дошт, маҳорат ва таҷриби хуби Назарзода буд, ки аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Агентии назорати маводи нашъаовар тайи 16 сол фаъолияти ин ниҳодро муваффақона пеш бурд. Ӯ афзуд, мақоме, ки феълан Назарзода гирифт, на камтар аз раҳбарии Агентии назорати маводи нашъаовар аст.
Раиси нави Оҷонсии назорати маводи нашъаовар дар мавриди нақшаҳои худ изҳор дошт, ки талош ба пурзӯр кардани мубориза алайҳи маводи мухаддир хоҳад кард: “Ман дирӯз дар мулоқот бо кормандони Агентӣ ҳам таъкид кардам, ки ман бо Шумоям. Таъкид намудам, ки дар ҳар нафар бояд вазифаашро софдилонаю содиқона иҷро кунад”.
Салимзода, ки солҳои охир раҳбарии Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистонро ба уҳда дошт, рӯзи 2 феврал дар мақоми раҳбарии Агентии назорати маводи нашъаовар Рустам Назарзодаро иваз намуд, ки ба вазифаи раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ таъин шуд.
Дар акс: Рустам Назарзода