Боздошти сокини Душанбе барои ҷалби духтарони тоҷик ба фоҳишагӣ дар Дубай
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як зани 50- сола, сокини шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар ҷалби занон барои истисмори шаҳвонӣ дар хориҷи кишвар муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои манбаъ, гумонбаршуда дар пай як амалиёт санаи 4 феврал дастгир гардид. Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, тибқи тафтишоти пешакӣ боздоштшуда якҷоя бо зани 21-сола, сокини дигари шаҳри Душанбе духтарони тоҷикро барои истисмори шаҳвонӣ ба хориҷ ҷалб мекардааст: “Аз ҷумла моҳи январи соли равон муттаҳамон духтари 22-сола, сокини шаҳри Душанберо барои истисмори шаҳвонӣ ба шаҳри Дубай равона кардаанд”.
Манбаъ мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.